РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои СААД баргузор мешавад

27 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи хабари манбаъ, баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ низ дар назар дошта шудааст.

Интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои Протокол ва қарорҳои ҷаласаи XX комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, инчунин фаъолияти заминавии созмон дар самти рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои аъзои ин созмон ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи XX комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ соли 2022 дар пойтахти Русия- шаҳри Москва баргузор гардида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram