РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тағйир ворид гардид

Намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии ба номи М.Олимов» ва Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд бо кормандон ва масъулони раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҳамоиши омӯзишӣ доир намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гурӯҳи корӣ  бо мақсади гузаронидани ҳамоиши омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба озмуни мазкур ва шиносоӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ба вилояти Суғд сафар намуд.

Бояд гуфт, ки ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки  тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 ба тасвиб расид, тағйирот ворид гардид. Ин тағйирот аз ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур иборат мебошад. Тибқи он имсол дар озмун на танҳо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони дорои қобилияти баланди эҷодӣ, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.

Таҳти назорати қатъии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ин озмун ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, ба ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram