РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнати водии Хуф рафт

23 апрели соли ҷорӣ дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар водии Хуфи Ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба аёдатӣ собиқадори меҳнат Шоҳназаров Анабшо рафта, ба ӯ кумаки яквақтаъинаи молиявиро расониданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Шоҳназаров Анабшо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хабаргирӣ ва дастгирӣ намудан аз собиқадорони меҳнат ва дигар оилаҳои ниёзманд, сипосгузорӣ намуда, зикр кард, ки мо собиқадорони меҳнат аз он ифтихор дорем, ки ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлакат қарор дорем. Ҳамзамон аз ҷониби раиси вилоят ба 15 нафари пиронсолон кӯмаки молиявӣ ва 11 нафар ятим маводи ғизоии якдафъаина расонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram