РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 445 000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад

Ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиёну маъюбони ин ҷанг кумакпулиҳои яквақта дода мешавад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд ба миқдори 7 000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода хоҳад шуд.

Инчунин шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ва шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо медалҳо сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4000 сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд.

Дар маҷмуъ ба 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 77 000 сомонӣ ва ба 92 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 368 000 сомонӣ, дар маҷмуъ 445 000 сомонӣ кӯпакпулӣ тақдим мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram