РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДДХ озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ ифтитоҳ шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмоишгоҳи илмӣ –тадқиқотии “Ташхиси психологии шахс” ва озмоишгоҳи таълимӣ – методии “Рушди шахсият дар низоми маориф” таъсис ёфт. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи лабораторияҳои мазкур ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой, Раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозакзода Зулҳия Зағирдавлат, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Нуруллозода Фирӯза, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми шаҳри Душанбе Ҷӯраева Нигина, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Самизода Мӯсобек, ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дотсенти кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Зайтметов Ҳусайн лабораторияҳои мазкурро муаррифӣ намуда, доир ба самт, вазифа ва равандҳои фаъолияти он маълумот дод.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи илмӣ – тадқиқотии “Ташхиси психологии шахс” ҷиҳати муайян намудани сатҳи ташаккул ва инкишофи равандҳои маърифатӣ, хусусиятҳои инфиродӣ ва дақиқнамоии вазъи ҳолатҳои эмотсионалии шахс тавассути тестҳои ташхиси психологӣ дар шакли электронӣ равона шуда, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти таълимӣ ва амалии донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD, аспирантҳо, докторантон аз рӯи ихтисос ҳадафи асосии таъсиси ин омӯзишгоҳ унвон мешавад.

Ташкили маъхази иттилоотие, ки барои таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ мувофиқи нақшаҳои кори илмии донишгоҳҳо, факултетҳо ва кафедраҳои тахассусӣ (психология) заруранд, вазифаи меҳварии ин озмоишгоҳ маҳсуб меёбад.

Интизор меравад, ки дар доираи фаъолияти озмоишгоҳи мазкур ташкил ва гузаронидани семинарҳои психологӣ, барои тадқиқи корҳои илмӣ-инноватсионӣ, ҳамкории муштараки кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ бо факултет, кафедраҳои психологияи донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ ва вазорату идораҳо ба роҳ монда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки самтҳои фаъолияти озмоишгоҳи дигари илмӣ – тадқиқотӣ таҳти унвони “Психологияи таҷрибавӣ ва амалӣ” омӯзиши қонунҳои асосии равандҳои маърифатӣ, фаъолияти равандҳои равонӣ дар шароити муошират ва фаъолияти муштарак бо истифода аз таҷҳизоти насли навтарин, сабти ҳаракатҳои чашм (пайгирии чашм), полиграфия, бозпасгирии биологӣ ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи фаъолияти озмоишгоҳи илмӣ – тадқиқотии “Психологияи таҷрибавӣ ва амалӣ” ҳамчунин коркарди усулҳои аслии таҳқиқоти таҷрибавӣ ва амалӣ, тайёр кардани нашрияҳои илмӣ, ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ ва илмӣ-амалии олимони ҷавон, магистрантон ва аспирантони ихтисоси психология низ роҳандозӣ мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram