РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагони ноҳияи Восеъ дар олимпиадаи байналмилалии HIPPO-2023 сазовори 6 медали тилло шуданд

Хонандагони Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ дар олимпиадаи байналмилалии HIPPO-2023 аз фанни забони англисӣ сазовори 15 ҷои ифтихорӣ шуда, 6 медали тилло, 3 нуқра ва 6 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора аз Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ хабар доданд.

Олимпиадаи мазкур моҳи март ба таври фосилавӣ баргузор гардида, дар он хонандагони зиёда аз 54 мамлакат иштирок дошт.

Аз тарафи кумитаи тадорукот, ки қароргоҳаш Италия аст, ба ғолибон медалу сертификат тақдим карда шуд.

Ғолибони ҷойҳои аввал ба даври сеюм, ки 6-7 июл дар Малайзия доир карда мешавад, роҳхат гирифтанд. Даври чоруми он дар назар аст, ки моҳи сентябр дар Италия баргузор шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram