РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ ва Ҷанни Инфантино аз ҷараёни корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дидан карданд

Президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино аз ҷараёни корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дидан карданд.

Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бунёд шуда, ҳамчун макони тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Маркази техникии ФФТ аз меҳмонхона, маркази тиббӣ, майдонҳои тамринӣ бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, майдони футзали болопӯшида ва ғайра иборат аст.

Дар маркази техникии бунёдшаванда президенти ФИФА Ҷанни Инфантино бо бозигарону мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот кард. Узви тими миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов ба президенти ФИФА пироҳани тими миллии Тоҷикистонро таҳти рақами 9 туҳфа намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram