РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид

Имрӯз дар “Майдони 800 солагии Москва”-и пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, бонувону занони фаъоли пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Лозим ба зикр аст, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гӯлдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷуздонҳо ва дигар намуди чеварӣ ҳадафи дигари фестивал мебошад.
Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзандӯзӣ иборат буда, аз ҷониби занону бонувони пойтахт пешниҳод карда шуд.
Дар фароҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram