РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

6 май Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст мешавад

6 май соати 17:00 дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун» аври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» беҳтарин чакандӯзон, сӯзанидӯзон ва тарроҳони чирадасти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram