РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” ҷамъбаст мешавад

Пагоҳ, 4 май соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023”, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шудааст, баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазоратӣи фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ҳадафи фестивал-озмун аз рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ иборат мебошад.

Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии   театрҳои касбӣ – «Парасту» анъанавӣ буда,  дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва  дар он театрҳои касбии  тамоми манотиқи мамлакат иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram