РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Arabian Travel Market-2023 муаррифӣ гардид

Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии ватанӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро соли дуюм аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Arabian Travel Market -2023, ки аз 1 то 4 май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб муаррифӣ намуда менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.

Бозори Travel Arabian (ATM), бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии дохилӣ ва берунӣ дар Ховари Миёна буда, имсол 28-умин солгарди худро ҷашн мегирад. Ҳар сол ҳазорҳо маҳсулоти сайёҳӣ ба меҳмонон ва мутахассисон аз саросари ҷаҳон намоиш дода мешаванд.

Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии сайёҳии Arabian Travel Market яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram