РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили «Турсунзодахонӣ» доир гардид

Имрӯз 43-юмин маҳфили «Турсунзодахонӣ»-ии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Дар бахши аввал устодону шогирдони факултети филология ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби зебоманзар рафта, бо гулгузориву шеърхонӣ ва ёдкарди фазилатҳои неки шоир рӯҳи ӯро шод карданд.

Дар бахши дувум бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию адабӣ дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Хусейнзода 43-юмин маҳфили «Турсунзодахонӣ» идома кард.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавӣ қайд намуд, ки устод Мирзо Турсунзода аз шахсиятҳои барҷастаи таърихист, ки рисолати инсонии худро назди халқу Ватан батамом иҷро карда, бо ашъори рангину ҳидояткунандаи хеш дар дилҳои миллионҳо одамони хайрхоҳу некиродаи рӯйи замин ҷой гирифтааст. Ин аст ки бо гузашти солҳо эътибору манзалати устод ҳамвора меафзояд.

Дар идомаи маҳфил дар баробари меҳмонон, аз ҷумла директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, профессор Шарифзода Ф.Х., инчунин, шоирон Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло ва адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон низ суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиши чанде аз ҳунармандони ҷумҳурӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ аз ашъори М. Турсунзода порчаҳои шеърии хотирмоне пешниҳод намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram