РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми коргардони тоҷик «Алиф.До.Ре.Ми» дар ҳафтумин Ҷашнвораи байналмиллалии «Золотой Ворон» намоиш дода шуд

5 май «Алиф.До.Ре.Ми» филми мустанади кӯтоҳи коргардони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов дар ҳафтумин Ҷашнвораи байналмиллалии «Золотой Ворон» дар шаҳри Анадир (Чукотка, Россия) намоиш дода шуд.

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» қаблан дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт.

Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.
Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» дар жанри «мушоҳида» ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар — Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор — Эҳсон Субҳонзода, тадвингар — Комил Карим ва коргардони садо — Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.

Қаҳрамони филм марди 74-солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ бошад барои амалӣ шудани орзӯи ин устоди мусиқӣ кӯмак кардааст

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram