РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид

5 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии шоистаи қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида ба 78 –солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон палковник Ҳотамиён Абдурашид, сафири фавқулодда ва мухтори Россия дар Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев, сафири фавқулодда ва мухтори Озорбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров, сафири фавқулодда ва мухтори Беларус дар Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович, котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмурод Турсунов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Назаров Абдуҳамид Узоқович, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан Бердиев Зафар — фарзанди Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бердиев Дадаҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон ба ифтитоҳи намоиш иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, оркестри низомӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷуйёни донишгоҳҳои олии кишвар даъват шуданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимотњои ҷангӣ, ордену медалҳо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар Љанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.

Дар гушае аз намоиш намунаи аризањои пешнињоднамудаи ихтиёрини ҶБВ: Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ ва мактубҳои Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Лавозимотҳои ҷангӣ аз қабили: сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, дурбини иштирокчии ҷанг Қодиров Чароғ, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сӯрохшуда ва ба хун олудаи Амонов Р. дар намоиш гузошта шудаанд, ки солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобин меоранд.

Дар як қисмати намоиш мусаввараҳои рассомон, ки ба мавзӯи ҶБВ бахшида шудаанд пешнињод шудаанд. Аз ҷумла, офаридаҳои рассомон Хушвахтов Х.Д. 1926. “Модари Қаҳрамон Туйчӣ Эрҷигитов”, Сапронов Б.Т. 1926. “Соли 1941”, Рахнаев И. Р., «Симои қаҳрамони ҷанг Неъмат Қарабоев», Белетский А. П. “Симои София Ниёзова”, Хушвахтов Л. Х. “9 май соли 1945”, Сангов Ю. Н. “Май 1945. Вохӯрии ғолибон” инъикосгари ин саҳифаи таърихи халқи тоҷик мебошанд.

Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 18.05.2023 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram