РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Гуфтугӯи ду насл” маҳфил баргузор шуд

5 май дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Гуфтугӯи ду насл” бахшида ба 55-умин солгарди фаъолияти эҷодии Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад маҳфил баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.

Дар маҳфил ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён, Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулқодир Раҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дигар нависандагону зиёиёни минтақа ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Нахуст профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд, зикр карданд: “Шуҳрати волову хомаи сеҳрангези устод Абдулҳамид Самад ба гом бардоштанҳои ӯ дар гаҳвораи суханварию мактаби ахлоқ мисли рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, “Адабиёт ва санъат”, моҳномаи “Фарҳанг”, ки саҳфаи зиндагии аксар қаламкашони номвари миллати тоҷикро ин мазмун пур мекунад, алоқамандии бевосита дорад. Мавзуи меҳварии осори Абдулҳамид Самадро дӯст доштанд, эҳтиром ба насли калонсол, маҳкум намудани дурӯягӣ, пулпарастӣ, худписандӣ, муҳаббат ва Ватан, миллатпарварӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими ормонҳои миллӣ ташкил медиҳад”.

Сипас Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён, Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулқодир Раҳим ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода дар бораи фаъолияти эҷодии устод Абдулҳамид Самад ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки аксаран инсонҳо қудрату тавоноӣ ва ҷасоратро ба молу сарват алоқаманд медонанд, лекин дар замири устод Абдулҳамид Самад, ки ба қавле яроқи ӯ қалам аст, бараъло падидор аст.

Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир ва нависанда қироат намуданд. Инчунин, ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов таронасароӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram