РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бостоншиносони Тоҷикистону Фаронса қабристонҳои Саразмро таҳқиқ менамоянд

Охири моҳи апрел бо мақсади омӯзиши дақиқи ин қабристон экспедитсияи муштараки пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Фаронса дар Осиёи Марказӣ ба ҳафриёт ва омӯзиши он шуруъ намуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Ба ҳайати экспедитсияи таҳқиқотӣ бостоншиносони варзидаи Тоҷикистон ва Фаронса шомил ҳастанд. Бостоншиносон ин қабристонҳои қадимаро давоми бист рӯз таҳқиқ менамоянд.

Маври зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва ҷойгоҳи ёдгории беназири бостоншаҳри Саразм дар таърих ва муаррифии кишвари мо баҳои баланд додаанд. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон барои ҳифз ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ корҳои шоистае анҷом дода шуданд ва ҳоло ҳар сол аз он ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ боздид менамоянд.

Дар ҳамин замина омӯзиши ин ёдгории дар Осиёи Миёна беназир дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ идома меёбад. Ҳанӯз се сол қабл дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар шафати он як гӯристони маъмулӣ ва қурғонҳои муҳташам кашф карда шуданд. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки гӯристон ва қӯрғонҳо ба давраи аҳди биринҷӣ тааллуқ доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram