РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ намоиши филмҳо ва барномаҳои телевизионии чинӣ оғоз ёфт

Чанде пеш маросими оғози чорабинии намоиши филмҳои чинӣ ва барномаҳои телевизионӣ бо номи «Робита бо Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Жэнминжибао» иттилоъ медиҳад.

Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии радио ва телевизиони «ChinaMediaGroup» ва расонаҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст. Силсилаи филмҳо ва барномаҳои телевизионии барҷастаи чинӣ, ки ба забонҳои маҳаллӣ тарҷума шудаанд, бо ёрии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ба бинандагону шунавандагони маҳаллӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи ин чорабинӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳафт кино ва барномаи телевизионӣ пахш карда мешавад, ки пешрафти навсозии Чин, аз ҷумла «Роҳи бузург», «Пайроҳаи карбон», «Нахустин бор дар ҳаёт», «Маззаи Синтсзян» ва «Салом, Тибети нав» -ро нишон медиҳанд. Намоиш бо шаш забони маҳаллӣ тарҷума  шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram