РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Китобхонаи миллӣ китоби “Ҳошим Гадо” рӯнамоӣ шуд

6 май дар Муассисаи давлатии Китобнаи миллии Тоҷикистон китоби “Ҳошим Гадо” рӯнамоӣ шуд. Дар ин бора хабарнигори мо Абдурозиқ Мардонӣ хабар дод.

Дар маҳфили рӯнамоии китоби мазкур, ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумъахон, аҳли илму фарҳанг ва пайвандони ҳунарманд иштирок доштанд.

Китоби “Ҳошим Гадо” аз ду қисм иборат буда, дар қисми аввал маҷмуи мақолаҳои олимон, сиёсатшиносон ва ҳунармандон дар бораи Ҳошим Гадо ва дар қисми дуюм феҳристи осори ҳунарманд ҷой дода шудааст.

Бо оғози қисми дувуми ин маҷмӯа хонанда бо номгӯйи асарҳои илмӣ, осори адабию бадеӣ, маводи таълимӣ ва адабиёт доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодиву ҳунарии Ҳошим Гадо маълумот медиҳад. Унвони ҳамаи асарҳо дар забони асл тибқи стандарти пазируфташуда тасвир шудаанд.

Мавод дар қисм ва зерқисмҳои дастури шарҳиҳолӣ тибқи вақту замони чопи асарҳо аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ бо тартиби алифбоӣ ҷобаҷо шудааст.

Дастури мазкур дар асоси захираи мавҷудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Веб-сайтҳои интернет таҳия шуда, маводи солҳои 1980-2022 нашршударо дар бар мегирад.

Барои осон намудани пажӯҳиш дар поёни дастур кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ба ашхос пешниҳод гардидаанд.

Дастур ба донишҷӯёну омӯзгорон, олимон, Ҳунармандону эҷодкорон ва умуман ба гурӯҳи васеи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошноӣ пайдо намудан ба осори Ҳошим Гадо кӯмак хоҳад расонид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram