Бо мақсади таҳкиму тақвияти таффакури зеҳниву сиёсӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ ва барои омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ озмуни “Беҳтарин донандаи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии Алимшоев М устоди ДДХ ба довталабон дар бобати Паёми Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, саволҳо пешниҳод намуданд. Дар рафти озмун қайд гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, нуқтаҳои онро дар амал иҷро намояд.
Баъди анҷоми озмун, ғолибони он бо туҳфаҳо қадр карда мешаванд.