РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

9 майи соли 2023, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Нӯҳуми май мардуми кишвари мо дар радифи дигар халқҳои сулҳдӯсти сайёра яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат, пеш аз ҳама, иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми ватандӯсту сулҳхоҳи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон барои сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои фоҷиабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.

Дар он давраҳои сангину душвор зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони мардуми табиатан ватандӯст ва қавииродаи тоҷик, яъне 20 фоизи аҳолии Тоҷикистон, ки дар он рӯзҳо ҳамагӣ якуним миллион нафар буд, ба ҷанг сафарбар гардида, аз ин шумора қариб 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои хунин ҷони худро аз даст доданд.

Дар баробари ҷанговарон, ки дар майдони ҷанг бар зидди фашизм    қарор доштанд, ҳар як сокини Тоҷикистон – калонсолон ва занону наврасон дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро мегузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷанг, маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.

Оқибатҳои бисёр талху фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад.

Махсусан, дар шароити имрӯза ва вазъи бисёр ноорому печидаи ҷаҳони муосир, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози давраи нави «ҷанги сард» ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардаанд, густариши ҳарчи бештари сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо аҳаммияти торафт бештар пайдо мекунад.

Мардуми Тоҷикистон, ки дар тӯли асри гузашта бори дуюм ба давраи вазнину ҳалокатбор гирифтор гардида, дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бештар аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – зиёда аз 150 ҳазор нафар фарзандони худро аз даст доданд, оқибатҳои вазнини аъмоли харобиовари неруҳои экстремистиву террористӣ ва пайомадҳои фоҷиабори ин зуҳуроти нангинро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ҳастем.

Сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Дар ин раванд, мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Мо бояд таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пурифтихори тайкардаи падаронро омӯзем, идома бахшем, ба наврасону ҷавонон аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоем, иқтидори мудофиавии Ватани азизамонро таҳким бахшем, ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон саъю талоши худро дареғ надорем ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибихтиёрамонро боз ҳам баланд бардорем.

Бори дигар ҳамаи собиқадорони муҳтарами ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, хонаи обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу менамоям.

Рӯзи Ғалаба муборак бошад ҳамватанони азиз!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram