РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии «Китоби Теҳрон» расман ифтитоҳ шуд

Аз 10 то 20 май дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии «Китоби Теҳрон» баргузор мегардад, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони хосса дар ин намоишгоҳ муқаррар гардидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳошияи ифтитоҳи Намоиши байналмилалии «Китоби Теҳрон» дирӯз мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ ва доктор Аҳмадванд — муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, ки ҳамзамон раисии Намоишгоҳи байналмилалии китобро ба зимма дорад, доир гардид.

Зимни суҳбат вобаста ба  ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи театр, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор анҷом дода шуд. Ҳамзамон ҷониби Эрон иштироки Тоҷикистонро ба ҳайси меҳмони хосса дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб муҳим арзёбӣ намуд.

Имрӯз дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ Рӯзи Тоҷикистон ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии  «Китоби Теҳрон» ноширон аз 60 давлати дунё иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram