РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ бунёд мегардад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ бунёд мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 11 май ба корҳои сохтмонии гулгашт санги асос гузошта, аз хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдоварӣ кард.

Ёдовар бояд шуд, ки Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сармуҳаррир кор кардааст. Мавсуф солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буд.

«Фасли оғоз», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» номгӯи маҷмӯаҳои шеърии Гулназар маҳсуб меёбанд.

Шоир барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст. Дили шоир 13 августи соли 2020 аз тапиш боз монда буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram