РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДБЗХТ маҳфили шеъри шоири тоҷик Салими Хатлонӣ баргузор шуд

Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 12 майи соли 2023 бахшида ба моҳвораи ҷавонон маҳфили шеъри шоири маъруфи тоҷик Салими Хатлонӣ бо ширкати адибони маъруфи кишвар Аламхон Кучарзода, Муҳаммад Ғоиб, Зиё Абдулло, ҳофизон ва ва дӯстдорони шеъру суруд дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ҳузури устодони сухан ва меҳмононро ба маҳфили шеъри шоири ширинкалом, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт шодбош гуфта, аз осори гаронарзиш ва нақши Салими Хатлонӣ дар адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд.

Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба ҳунари шоирӣ ва эҷодиёти мондагори Салими Хатлонӣ баҳои баланд дода, ба ӯ дар ин ҷодаи пурмасъулият муваффақиятҳои бузурги эҷодӣ таманно намуд.

Салими Хатлонӣ бо ашъори тозаэҷод хотири иштирокчиёнро болида гардонида, ба суолҳои бешумори дӯстдорони ашъораш посух дод. Инчунин, сарояндагони маъруфи кишвар аз осори шоир сурудҳои ватандӯстона ва ишқу ҷавонӣ пешниҳод карда, ба маҳфил ҳусни дигаре бахшиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram