РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ҳамчун меҳмони вижа дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” иштирок дорад

11 майи соли 2023 маросими ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон дар 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” бо ҳузури Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ, Раиси Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон”, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёсир Аҳмадванд, намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Теҳрон, ноширон, адибон, боздидкунандагон, хабарнигорон ва фаъолони расонаӣ бо шукӯҳу тантана баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Вазирони фарҳанги ҳарду кишвар ва ҳайати ҳамроҳон дар ғурфааи Тоҷикистон, ки имсол бо даъвати ҷониби эронӣ дар Намоишгоҳ ба ҳайси меҳмони вижа иштирок мекунад, бо китобҳои тозанашри нашриётҳои Тоҷикистон, осори санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ошно шуданд.

Ошноӣ бо китобҳои арзагардида дар ғурфаҳои китоби кишварҳои ширкаткунанда дар бахши байналмилалии Намоишгоҳ идома ёфт. Дар ғурфаи китоби Ҷумҳурии Туркия ба вазирони фарҳанги Тоҷикистону Эрон нусхаҳои қадимтарин асари гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Маснавии маънавӣ” эҳдо карда шуд.

Сипас, дар Толори милали Намоишгоҳ нишаст таҳти унвони “Чашандозе ба таомулоти фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон” баргузор шуд.

Дар ин нишаст Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ, Раиси 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” Ёсир Аҳмадванд ва дигарон суханронӣ ва дар робита ба мавзӯи ҷаласа изҳори назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram