РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДМТ Форуми миллии соҳибкорӣ баргузор гардид

15 май дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми миллии соҳибкорӣ таҳти унвони “Ҷавонон – муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ” баргузор гардид.

Форуми мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо иштироки соҳибкори муваффақи кишвар Саидмурод Давлатов доир гардид.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, вобаста ба такмили донишҳои назариявӣ ва амалии дониҷӯён дар самти иқтисодӣ ибрози андеша намуд. Таъкид шуд, ки дар форуми мазкур қисми зиёди иштирокчиён маҳз донишҷӯёни равияҳои иқтисодии донишгоҳ ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мебошанд. Маҳз тавассути баргузор гардидани чунин чорабиниҳо донишҷӯён метавонанд донишҳои назариявии худро дар амалия татбиқ намоянд.

Саидмурод Давлатов — соҳибкори муваффақи кишвар дар баромади худ вобаста ба рушд ёфтани соҳаи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз назар намуда, қайд кард, ки барои рушд ёфтани ҳар як соҳа аввал бояд кадроҳои баландихтисосро тарбия намуд. Ҳар як ҷавонро лозим аст, ки барои такмил додани донишу худ кушиш намояд. Китобҳои зиёдро мутолиа ва мубодилаи китоб бо ҳамсолони худ намояд. “Мо бояд роҳеро интихоб намоем, ки маҳз тавассути он давлати Тоҷикистонро дар дунё бештар муаррифӣ намоем. Аммо, фаромӯш набояд кунем, ки барои оғози ҳар як роҳ барои мо, пеш аз ҳама, устод лозим аст. Пас, аз муваффақ гардидан дар худ ва такмил додани донишҳои назариявӣ ва амалӣ мо метавонем на танҳои ба рушди соҳибкории инноватсионӣ замима гузорем, балки соҳибкори муваффақ низ дар ин соҳа гардем”- гуфт ӯ.

Баъдан миёни иштирокчиён ва соҳибкор Саидмурод Давлатов суоли ҷавоб доир гардид. Ҳамчунин, дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъоли насли ояндасози кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила дар замири онҳо ташаккул додани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳисси ватандустӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram