РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» гузаронида мешавад

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май доир мешавад, 18 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона»  баргузор мегардад. Дар ин бор аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» 24  маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» дар толорҳо, роҳравҳо ва саҳни   Осорхонаи миллии Тоҷикистон   намоиши  дастовардҳои Осорхонаи миллӣ, нигораҳои «Шоҳзодаи Фархорӣ», «Маликаи Сосониён –Бурондӯхт»,  «Умари Хайём ва Абурайҳонӣ Берунӣ», «Дарси  устоду шогирд –хушнависӣ», намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастон «Ҳино», фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ, оши палав, намоиши «олами вуҳуш», инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи «Космо ленд» ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар ин шаб дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон филми ҳуҷҷатии «Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон» намоиш дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram