РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» ҷамъбаст шуд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила 15 майи соли 2023 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ибтидо, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватан мову шумо шоҳидем, ки бо дастгириву ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои кишвари азизамон баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ муҳиту заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Зеро баргузор гардидани силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ифодагари ин гуфтаҳо мебошанд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилаваӣ таҳти унвони “Дунёи саодат” рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни онҳо мебошад.

Дар даври ҷамъбастии фестивал ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латиповҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода иштирок намуда, аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокдорони Фестивал, ҳамкорону гурӯҳҳои корӣ Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram