РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Лоиҳаҳои филмномаи “Ҳадди орзуҳо” мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода шуд

12-уми майи соли 2023 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар доираи баргузории питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ филмномаи “Ҳадди орзуҳо” мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Филмнома аз ҷониби Нигина Маҳмадҷонова ва Умедшо Мирзоширинов дар жанри мелодрама ва драми иҷтимоӣ рӯйи кор омада, вазъи иҷтимоии ҷавонон ва бонувонро фаро гирифтааст.

Филмнома масоили иҷтимоиро талқин намудааст, ки аз ҷониби муаллифон рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуд.

Аъзои ҳайати мушовара ва Шурои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба лоиҳаи синамоӣ ибрози фикру андеша карда, коркард ва такмили филмномаро тақозо намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram