20 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи «Берунӣ – алломаи Машриқзамин» (бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ)» баргузор мегардад. Дар ин бора аз ДДОТ хабар доданд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
1. Вазъи сиёсии Осиёи Марказӣ дар замони Абурайҳони Берунӣ;
2. Ҳаёти фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои X –XI;
3. Марказҳои илмӣ ва вазъи инкишофи илм дар асрҳои X –XI;
4. Нақши академияи Маъмун дар рушди илм;
5. Ҳаёт ва фаъолияти Абурайҳони Берунӣ;
6. Равобити илмии Абурайҳони Берунӣ бо донишмандони замон;
7. Абурайҳони Берунӣ – муаррих, ҷуғрофидон, мардумшинос ва филолог;
8. Андешаҳои фалсафии Абурайҳони Берунӣ;
9. Афкори сиёсӣ-ҳуқуқии Абурайҳони Берунӣ;
10. Абурайҳони Берунӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ;
11. Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар рушди илми ситорашиносӣ;
12. Абурайҳони Берунӣ — ҳиндушинос;
13. Таҳқиқи осори Абурайҳони Берунӣ аз ҷониби донишмандони муосир.
Конференсия соати 10:00 дар толори шурои олимони донишгоҳ ифтитоҳ мегардад ва дар бахшҳо вобаста ба маърузаҳои дар барнома муайяншуда аз соати 13:00 дар бинои факултети таърих ва ҳуқуқ ҷараён мегирад.