РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Доир ба ташхису табобати бемориҳои пӯст конфронси илмӣ баргузор шуд

18 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст”-и шаҳри Душанбе вобаста ба ташхису табобати бемориҳои пӯст, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат конфронси илмӣ баргузор гашт, ки дар он роҳбарияти муассиса, роҳбарони муассисаҳои соҳавии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Дар конфронс зикр гардид, ки ташхис ва табобати бемориҳои пӯст имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби тибби замони муосир ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри ташхису табобати бемориҳои пӯст низ шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст ва муассисаҳои соҳавӣ бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидаанд.

Дар конфронс як қатор мутахассисони соҳа доир ба паҳлуҳои гуногуни бемории мазкур маърӯза намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram