РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Дидаи сеюм»-и адиби тоҷик Ато Мирхоҷа чоп шуд

Нашриёти «ЭР-граф» ашъори мунтахаби рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷаро, ки унвонашро «Дидаи сеюм» гузоштаам, аз чоп баровард. Дар ин бора муаллиф дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.

Китоб аз 220 сафҳа иборат буда, дар он аз ҷумлаи тамоми осори назмие, ки дар муддати зиндагиам эҷод намудаам, шеърҳое интихоб шудаанд, ки аз назари мураттиби он, шоири нуктасанҷ Толиби Луқмон, сазовори пешниҳод шудан ба хонандаро доштаанд.

Пешгуфтори китобро мураттиби он Толиби Луқмон навишта, интишорашро инсони фозилу адабпарвар Ҷумъа Далер Шофақир сарпарастӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ато Мирхоҷа барои романи «Саройи санг» соли 2022 соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram