Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонии вилояти Суғд оғоз намуд. Дар ин бора аз ММТ хабар доданд.
Семинари омӯзишӣ аз 18-ум то 19-уми май дар бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштроки бо иштироки 19 нафар шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории семинар омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва гузаронидани имтиҳонҳо мебошад.
Дар баробари ин, аз ҷумлаи кормандони бахшҳои минтақавии Марказ низ ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд ва ҳамроҳ бо тренерон дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ дар 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро ташкил ва баргузор менамоянд.