РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷамолиддин Абдуллозода дар иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок кард

21 майи соли равон дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба кори хеш оғоз кард, ки дар он директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳаном Геберейесус, вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ташкилоти мазкур иштирок доранд. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин чорабинии сатҳи баланд ҳузур доранд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Бояд гуфт, ки яке аз мақсади асосии баргузории иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ-ин муттаҳидсозии кӯшишҳои давлатҳои аъзо ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, паст намудани сатҳи бемориҳои ғайрисироятӣ, ки дар замони муосир яке аз нишондиҳандаҳои баланди фавтро ба миён овардаанд ва ҳисоботи созмон дар назди кишварҳои узв мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи ҷаласа Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо паёми видеоӣ баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки аз замони таъсиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 75 сол қабл саломатии инсонҳо ба таври назаррас беҳбудӣ ёфта, давомнокии умр дар ҷаҳон беш аз 50 дарсад афзудааст, фавти кӯдакон 60 фоиз кам шуда, бемории гулафшон барҳам дода шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мақсади муҳокимаи харитаи роҳ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тандурустӣ 22 майи соли равон дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария мулоқоти вазирони тандурустии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар рафти мулоқот бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, тариқи мубодилаи таҷриба тайёр намудани кадрҳои тиббӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои илмии якҷоя, инчунин фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати тиббӣ баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ то 30 майи соли равон идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram