РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мутахассисони соҳаи мусиқии касбии Ӯзбекистон аз мактаби мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ дидан намуданд

22-23 майи соли 2023 бо мақсади табодули таҷрибаи педагогӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, такомули сатҳи донишомӯзии хонандагон аз ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагии муҳассилин дар толорҳои хурд ва калони Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» бо иштироки омӯзгорону толибилмони мактаб ва мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарси маҳорат баргузор гашт.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги мамлакат, устодони мусиқӣ, мудири кафедраи иҷрокунандагӣ дар созҳои миллии мусиқии Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон профессор Мирфаёзов Баҳодур Олимович ва дотсенти кафедраи созҳои тории Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Овчинников Дмитрий Петрович ба якчанд нафар шогирдони мактаб-интернати мусиқӣ оиди таърихи пайдоиши сози скрипка ва рубоб, доир ба нозукиҳои иҷрокунандагӣ, усулҳои навозиш дар асбобҳои мусиқии болозикр, бартараф намудани ғалатҳо ҳангоми иҷроиши асарҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар масоили марбутро ба тарбиятгирандагон омӯзониданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram