РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксария соҳиби ду ҷоиза шуд

Филми «Дов» (Фартуна) соҳиби ҷоизаҳои «Таваҷҷӯҳи тамошобин» ва «Беҳтарин ансабли актёрӣ»-и ҷашнвораи байналмилалии Чебоксария гардид. Дар ин бора коргардони филми мазкур Муҳиддини Музаффар хабар дод.

Тавре қаблан хабар додем, аз 27 то 31 январ дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Кинофестивали байналмилалии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар бахши озмунии он филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар Кинофестивали байналмиллалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар бахши озмунии он ба ҳайси довар иштирок намуд. Дар бахши ғайриозмунии кинофестивал филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд»-и коргардон Мумин Қодиров низ намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки филми «Дов» моҳи декабри соли 2022 дар Фестивали байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон дар бахши номинаи филмҳои Осиё дар байни 8 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Ҳиндустон, Бангладеш, Шриланка ва Қирғизистон беҳтарин филм дониста шуд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram