РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия, ки таҳти раёсати  раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунад. Сарони ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии амиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши хосса гузошта, ба ҳамкории дуҷониба мақоми  шарикии стратегӣ додаанд. Солҳои охир робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия низ ба таври қобили мулоҳиза фаъолтар  шудааст.

«Мо ҳамкории байнипарлумониро ҳалқаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморем, ки тадриҷан ба сатҳи сифатан нав мебарояд»,- иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Ҳамзамон муовини якум ва аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният низ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram