РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист барномаи идонаи маданию маърифатӣ баргузор мегардад

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти сокинони пойтахт мерасонад, ки санаи 5 – уми июни соли 2023 соати 18:00 дар назди шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” – и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист барномаи идонаи маданию маърифатӣ барпо мегардад.

Дар ин шом намоишҳои эҷодии хонандагону донишҷӯён, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ансамбли эстрадии “Гулшан” ва ансамбли рақсии “Базморо” намоиш дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram