РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Боғи Ирам даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз…” баргузор гардид

4 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз…” баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарѓиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ташкил карда шудааст.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандўстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарѓиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад, ки ҳамзамон барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Тибқи низомнома ба озмун ҳунармандон аз рӯйи 7 номинатсия:

— кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ;

-гаҷкорӣ, ойинабандӣ, кундалнигорӣ;

— заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ;

-ороиш аз санг;

-кулолгарӣ;

-читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ;

-намадмолӣ ва қолинбофӣ молу маҳсулоти худро дар се давр пешниҳод намуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ даври якум дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 278 нафар ҳунарманд бо пешниҳоди маҳсули дастони худ ширкат варзиданд.

Ба даври ниҳоӣ 96 нафар ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифтанд, ки дар чорабинии имрӯза ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуданд.

Аз ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз…” ҳайати расмӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд – созмонҳои байналмилалӣ дидан намуданд.

Аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ, “Дипломҳо”-и дараҷаи 1, 2 ва 3, сарфароз гардонида шуданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷоизаи “Ҳунарманди сол” супорида шуд.

Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмун ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram