РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намоиши филмҳо дар доираи чорабинии «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он»

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустию варзишӣ ва бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таълимиву тармиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҳти унвони «Тоҷикистони ягона-Бадахшон нигини он» аз 14.06.2023, №26/4-207 аз 15-ум то 23-юми июни соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои сокинон ва алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Намоиши филмҳо аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, дар шаҳри Хоруғ ҷамъбаст карда мешавад.

Дар доираи чорабинӣ филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба монанди филмҳои ҳунарии «Дов» коргардон Муҳиддини Музаффар, «Охирин сайди сайёд» коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил, «Автобус» коргардон Абдулҳай Зокиров, «Рақси зиндагӣ» коргардон Муҳаббат Сатторӣ, «Роҳ» коргардон Носир Саидов ва филмҳои мустанади «Марди роҳ» коргардон Носир Саидов ва «Ваҳдати миллӣ» коргардон Абдулҳай Зокиров тавассути Қасрҳои фарҳанг манзури сокинони Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон гардонида мешаванд.

Аллакай, намоиши филмҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ба роҳ монда шуд ва алоқамандони синамо аз филмҳои миллӣ бархурдор гардиданд.

Дар идома, дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ намоиши филмҳо доир карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram