РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бӯстон. Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ қадрдонӣ шуданд

Бо мақсади қадршиносии хонандагон – ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар даври ҷумҳуриявӣ бо иштироки Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, намояндаи раёсати маорифи вилоят- мутахассиси пешбари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва мудири шуъбаи маориф Мавлонова М.Ш., омӯзгорон, хонандагон ва волидони онҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷамъомад доир гардид.

Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон нахуст роҳбари шаҳр аз дастгирии давлатии аҳли илму маориф, фароҳам намудани имкониятҳои мусоиди таҳсилу илмомӯзии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди бонизоми соҳаи илму маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, пайваста дар ин самт кӯшишҳои судманд роҳандозӣ карда мешавад.

Оид ба натиҷаи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳо муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода ҳисоботро пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки 19 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳри Бӯстон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва 7 нафар соҳиби Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар ин рӯз ба ғолибони олимпиадаҳо ва омӯзгорони онҳо туҳфаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Дар фарҷом як қатор ғолибони олимпиадаҳо изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram