РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. «Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон»-и нависанда Абдуғаффор Абдуҷаббор нашр гардид

Муассисаи нашриявии «Адиб» таҳти унвони «Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон» романи нависанда, тарҷумон, драматург, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборро бо теъдоди 1000 нусха интишор намуд.

Асари мазкур идомаи мантиқию маънавӣ ва қисми интиҳоии повестҳои «Зоопарк»-у «Ҷазираи беном»-и муаллиф буда, таҳлилу таҳқиқ, дарку тасвири бадеии саҳифаҳои ҳассоси таърихи бисёрасраи шаҳри куҳанбунёд – Канобад – Конибодоми имрӯзаро, ки ҳар лаҳзааш ногусаста пайванд ба тақдири инсонҳои шарафманду сарбаланди ин диёри файзбору нодир мебошад, фаро гирифтааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram