РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба мониторинги сифати ҳаво бо намояндагони ВАО семинари омӯзишӣ баргузор гардид

Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 июни соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи мазкур оид мониторинги сифати ҳаво семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар семинар мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумита, аз ҷумла сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентӣ Самиев Сангин бо рӯйнамо оид ба масъалаҳои татбиқи қонуну қарорҳои қабулшуда дар самти ҳавои атмосфера, фаъолияти Агентӣ дар ин самт, аз ҷумла дар бораи стансияҳои худкори сифати ҳаво, мониторинги хатсайрӣ, коркарди маълумотҳо, меъёрҳои сифати ҳаво, системаи иттилоотӣ, мушоҳидаи сифати ҳаво аз рӯи моделҳо ва оид ба дигар самтҳои вобаста ба мавзуъ ба таври муфассал баромад намуданд.

Сипас, байни маърӯзакунандаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои сершумори онҳо аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ин огоҳонидани бештари рӯзноманигорон ва ба аҳолӣ расонидани маълумоти дақиқи обу ҳаво, ки аз тарафи мутахассисони соҳавӣ пешниҳод мегардад, мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram