РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Ваҳдатофар” намоиш ифтитоҳ шуд

Дирӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 26 — солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” намоиш ва конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ваҳдатофар” баргузор гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар чорабинии ҷашнӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои куҳансолон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳудуди шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ибтидо меҳмонон аз намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ нигораҳо аз раванди музокирот ва расидан ба сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, мусаввараҳои офаридаи рассомон пешниҳод шудаанд, ки доир ба ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи сулҳофарии мардуми тоҷик қисса мекунанд.

Ваҳдат – омили асосии сарҷамъии миллат буда, нигораҳои дар намоиш пешниҳодшуда баёнгари иқболи нек ва сарҷамъии миллати сарбаланди тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ мебошанд.

Намоиши «Ваҳдатофар» дар Осорхонаи миллӣ то санаи 1.07.2023 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram