РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи Ваҳдати миллиро дар ВМКБ ботантана таҷлил карданд

Шоми дирӯз дар боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон , муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ва дигар меҳмонони олиқадр чорабинии идона ба муносибати 26-умин согарди Ваҳдати миллӣ доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ аҳли ҳунари вилоят бо гулдастаи зебои мусиқӣ истиқбол намуданд.

Сипас, ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунармандони вилоят дидан намуда, ба ҳунармандон ва деҳқононии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳои сазовор доданд.

Муовини раиси вилоят Сафарзода Шарифхон тамоми мардуми Бадахшонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, бахусус Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик ва муборакбод намуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён паёми шодбошии Президентӣ мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва иштирокчиёни чорабинӣ расонида, тамоми мардуми шарифи кишвар ва сокинони маркази вилоят шаҳри Хоруғро бо фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику муборакбод муборакбод намуда, таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар кишвар таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва пойи қудуми мубораку ҷонбозиҳои зиёди Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба туфайли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, ҳамзамон аз баракати сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мафҳуми Ваҳдати миллӣ, вожаи гӯшнавози ваҳдат ва оштии миллӣ дар забони мардуми тоҷик хеле серистеъмол гардиданд.

Баронмаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин санаткорони ҷумҳурӣ ва вилоят анҷомбахши чорабинии идона гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram