РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

Имсол низ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-329 озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бо тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз нав ба тасвиб расид.

Дар ин давра, гурӯҳи кории вазорат ҷиҳати ҳамоҳангсозии баргузории даври якум корҳои фаҳмондадиҳӣ, расонидани кӯмаки амалӣ ва шарҳу тавзеҳи талаботҳои озмун, ҳамчунин инъикосу тарғиби васеи чорабинӣ дар воситаҳои ахбори омма дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон корҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги мамлакат, даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз 10 май оғоз гардида, 16 июни соли 2023 дар ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид.

Ҷамъбасти даври якуми озмун ба тариқи зайл сурат гирифт:

1.Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 640 нафар довталаб иштирок намуд, ки ба даври дуюми озмун 342 нафар (108 нафар аз 18 то 40 сола ва 234 нафар аз 12 то 17 сола ) роҳхат гирифтанд;

2.Дар вилояти Хатлон 1021 нафар довталаб дар озмун иштирок намуда, 706 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 484 нафар аз 12 то 17 сола, 222 нафар аз 18 то 40 соларо ташкил медиҳанд.

3.Дар вилояти Суғд 1128 нафар довталаб иштирок намуда, ки ба даври дуюми озмун 459 нафар (193 нафар аз 18 то 40 сола ва 266 нафар аз 12 то 17 сола) роҳхат гирифтанд;

4.Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 518 нафар (Сино-115н., Исмоили Сомонӣ-167н., Шоҳмансур-134н., Фирдавсӣ-102 н.) довталаб иштирок намуданд, ки ба даври дуюми озмун 253 нафар (115 нафар аз 18 то 40 сола ва 138 нафар аз 12 то 17 сола) роҳхат гирифтанд;

5.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1135 нафар (Турсунзода-270 н., Шаҳринав-80 н., Ҳисор-120 н., Варзоб -65 н., Рӯдакӣ -154 н., Ваҳдат -72 н., Файзобод -82 н., Роғун – 114 н., Нуробод – 52 н., Сангвор – 23 н., Рашт -57 н., Тоҷикобод -22 н., Лахш – 24 н.) довталаб иштирок намуда, 318 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин теъдод 211 аз 12 то 17 сола ва 107 аз 18 то 40 сола мебошанд.

Ҳамагӣ дар даври якуми озмун 4442 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2078 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1068 нафар зиёд мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram