РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Корея тақвият медиҳад

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ муовини директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Наимзода Дилором бо директори Маркази илмии тармим (конверсатсия)-и мероси фарҳангӣ (CHCSC)-и Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) хонум Ҷионг Соёнг вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Ҷонибҳо аз вохӯрии нахустин миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва CHCSC изҳори хушҳолӣ намуда, роҳҳои мубодилаи тадқиқотҳо оид ба деворнигораҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина оид ба ҳолати нигоҳдории деворнигораҳои Панҷакенти қадим дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо роҳҳои макроскопӣ, аксбардорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тадқиқот сурат гирифта, тақвияти мубодилаи таҷриба бо шуъбаи тармим ва консерватсияи муассисаҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram