РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо фаъолзанони шаҳри Гулистон мулоқот карданд

12 июл дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳр мулоқоти корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо фаъолзанони шаҳр баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Гулистон хабар доданд.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умринисо Казакова, собиқадори хизмати давлатӣ Адолат Ҷӯрабоева ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон ҳамчун таъминкунандаи иттиҳоду якдилии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ дониста шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои татбиқӣ амалии ғояи ваҳдати миллӣ, ки яке аз ормонҳои деринаи миллати мутамаддину бостонии тоҷик ва омили асосии рушди устувори кишвар мебошад, шароит ва имконияти мусоид фароҳам омад.

Нахустин иқдоми сиёсии давлати тозабунёди Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба амал оварда шуд, маҳз барои таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram