РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Боздиди ҷавонони Осиёи Марказӣ аз Осорхонаи миллӣ

Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии ҷавонон, ки аз 11 то 14 июли соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ҷавонони фаъоли Осиёи Марказӣ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Ба воситаи ташкилу баргузор намудани сайрҳои осорхонавӣ ба ҷавонони Осиёи Марказӣ таърихи кӯҳану фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва табиати зебою дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram