РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имсол мавзеъҳои ҷолиби вилояти Хатлонро 27 754 нафар сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд

Тибқи маълумоти оморӣ давоми шаш моҳи соли равон ба вилояти Хатлон 395 914 сайёҳ ворид гардидааст, ки 27 754 нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад. Шумораи сайёҳони дохилӣ 368 160 нафар мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки айни ҳол дар қаламравӣ вилоят 931 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ ва 86 ёдгории монументалӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилоят, аз қабили қалъаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки мунтазам сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.

Дар ҳудуди вилоят 118 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 139 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 368 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 меҳмонсарой (ҳомстей) ва гестхаус, 238 ташноби сарироҳӣ, 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо ва 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.


“Бо мақсади ба сайёҳон дастрас будани маълумот ва тарғибу ташвиқи имконияти соҳаи сайёҳии вилоят сомонаи алоҳидаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон sayohikhatlon.tj ва саҳифаҳои сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Телеграм ва Инстаграм бо номи Tourism Khatlon фаъол гардонда шуда, дар онҳо мунтазам маълумоти ба соҳаи сайёҳӣ алоқаманд аз тарафи мутахассисон бо се забон нашр карда мешавад”,-гуфт Дилшод Шоҳзода

Инчунин ҷиҳати муаррифии имконияти сайёҳии вилоят барои сайёҳон дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Панҷи поён»- и ноҳияи Ҷайҳун, «Айвоҷ»-и ноҳияи Шаҳритус, фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, осорхона ва дар қисман шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар умум 26 марказ ва нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуда, фаъолият доранд.

Тазаккур бояд дод, ки баҳри ҷалби сайёҳон, муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳии вилояти Хатлон маводи иттилоотии сайёҳӣ, аз қабили харитаи сайёҳии вилояти Хатлон бо забони англисӣ, харитаи сайёҳии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Балҷувон бо забонҳои русӣ ва англисӣ, кластери соҳаи сайёҳӣ ва маҷаллаи сайёҳӣ бо забони русӣ, ёддошт, буклетҳо бо се забон, феҳристи ҳунарҳои мардумӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалӣ, роҳнамо барои сайёҳон бо се забон, китоб- роҳнамои минтақаи Кӯлоб бо забони англисӣ, наворҳои видеоӣ, барномаҳои телевизионӣ ва дигар маводи тарғиботӣ таҳия гардида, ба и ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дастрас мебошанд ва тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ ҳамарӯза паҳн карда мешаванд.


Аз ҷониби мутахассисони соҳаи сайёҳӣ то ин муддат хатсайрҳои сайёҳии минтақаҳои истироҳативу фароғатии Бохтар, Норак, Кӯлоб, Данғара, Восеъ, Шаҳритус, Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод ва хатсайри сайёҳиии тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо забони англисӣ омода гардида, ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод гардидааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби мутахассисон хатсайри сайёҳии пурраи вилояти Хатлон дар шакли китобчаи маълумоти бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) омода гардида, дастраси ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳру ноҳияҳо гардонида шуд.

Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади муаррифии имкониятҳои соҳаи сайёҳии вилоят давоми соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ва намояндаи телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар вилояти Хатлон видеороликҳои сайёҳии мавсимӣ ва барномаҳои телевизионӣ ба монанди сайёҳии аграрӣ, экологӣ ва куҳнавардӣ омода намуда, тариқи телевизионҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва шабакаҳои интернетӣ инъикос гардиданд.

Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу таблиғи имкониятҳои сайёҳии вилоят бо шабакаҳои телевизионии «Мир 24», «Моя планета», «НТВ» ва «National Geografik» барномаҳои телевизионӣ омода ва инъикос намуд.

Бо ин мақсад ҳайати эҷодии шабакаи телевизонии Туркия «ТРТ Аваз» мавзеъҳои сайёҳиву таърихии шаҳру ноҳияҳои Норак, Муъминобод, Балҷувон, Ҷаллолидини Балхӣ ва Шаҳритусро наворбардорӣ намуданд.

Ҳамзамон, филмбардорони олмонӣ Харалдфон Виковски ва Маттиас Майер оид ба зарфиятҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ду филми сайёҳӣ таҳия намуданд.

Бояд гуфт, ки сол то сол муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар вилоят бо тадриҷ рушд ёфта, шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ гардида истодааст.


Ҳамзамон бо дастгирии роҳбарияти вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 10 нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ ташкил гардид.

Шуъбаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон намоишгоҳ оид ба бехатарии сайёҳон, бахусус сайёҳони хориҷӣ барои донишҷӯёни дар риштаи сайёҳӣ таҳсилдошта ташкил намуд.

Вобаста ба тақвият додани сайёҳии дохилӣ шуъбаи рушди сайёҳӣ бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва донишҷӯёни ихтисоси сайёҳат ва меҳмоннавозии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шаҳри Левакант сайёҳати муташаккилонаро ташкил намуда, аз боғу гулгаштҳои шаҳри Бохтар ва осорхонаи вилоятии ба номи «Авасто» дидан намуданд. Бо ин мақсад то ин муддат, аз ҷониби муассисаҳои таълимии вилоят 295 маротиба экскурсия бо фарогирии 11 890 нафар хонандагон ба ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии ватани азизамон сафарбар карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram