РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, МД «Телевизиони Сафина» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

26 июл дар  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 08:00 дар Вазорати фарҳанг гузаронида мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 3) нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 дар Кумитаи мазкур баргузор мегардад.

МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Телевизиони Сафина доир мегардад.

Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 дар корхонаи мазкур баргузор мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram